Новости

Помириҳо кистанд? Гурӯҳи этникӣ ё миллат? Таҳлили коршиносон

39views

Нашрияи Pamir Daily News барои рӯшан кардани масъалаи ҳуввияти этникӣ ва миллии Помир ба мутахассисони диаспораи помирӣ муроҷиат кард. Тахлили ин гуруҳро ба диккати хонандагон пешкаш менамоем.

Помириҳо-аққалияти мустақил дар таркиби миллати тоҷик/тоҷикистонӣ ҳастанд

Ба назар мерасад баъди талоши номуваффақи ҳайтаи Тоҷикистон барои дифои мавқеи Душанбе дар Конфаронси СММ дар Женева хадамоти махсуси Тоҷикистон тасмим гирифт дар муносибат бо мардуми ВМКБ роҳи пучгароии (нигилизм) қонуниро интихоб кунанд.

“Вақте муваффақ нашуданд набудани хушунатро нисбати помириҳоро исбот кунанд, даст ба инкори вуҷуди онҳо заданд” -ин аст мантиқи фейкҳои Ятимов, ки дар ҳафтаҳои ахир дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шудаанд. Ба ном “зиёиён” -и Помир низ, ки аз суқути дарозмуддат дар вақтҳои душвор садояшон аҳамият ва таъсири худро гум кардааст, ба ин мавҷ ҳамроҳ шуданд.  

“Миллате чун помирӣ вуҷуд надорад”! “Помир ин Мурғоб аст”, “Забонҳои помирӣ вуҷуд надоранд. Инҳо лаҳҷаҳои забони тоҷикиянд”! Инҳо ҷумлаҳои серистеъмоли ҷунбиши зиддипомирӣ аст. Чунин ба назар мерасад, ки тангназарон ва бадбинони вуҷуди гуруҳҳои қавмии помир  ё маънии истилоҳҳои “миллат” ва “гуруҳи этникӣ” -ро намедонанд ё дидаву дониста ба муноқишаи сунъӣ доман мезананд. Дар ин матлаб кушиш мекунем ба таври хулоса номутобиқатии ин гуфтаҳоро аз назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ кунем. 

Ҳамаи онҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тобеи қонуни ин кишваранд ва тақдири худро бо он пайванд медиҳанд як миллати воҳиди сиёсӣ-тоҷик ва ё тоҷикистонӣ мебошанд. Мардуми Помир низ қисми ҷудоинопазири ҳамин миллати тоҷик/тоҷикистонӣ мебошанд ва дар пешрафти миллату давлат саҳм гузоштаанд ва хоҳанд гузошт. Дар айни ҳол помириҳо соҳиби забонҳои хос, фарҳанги асил ва вижагиҳои эътиқодӣ мебошанд ва сокинони бумии сарзамини худанд. Онҳо барои ҳифзи фарҳанги асил ва худмухтории худ аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ истифода хоҳанд бурд. 

Аз назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ зодагони Бадахшони Тоҷикистон гуруҳи қавмии мустақил мебошанд, ки худро ҳамчун помириҳо муаррифӣ мекунанд ва аз сӯи аҳолии Тоҷикистон низ ҳамчун “помирӣ” ва ё “помириҳо” ном бурда мешаванд. Илова бар ин, ин ҳақ дар Сарқонуни Тоҷикисон дарҷ шудааст, ки дар он барои ВМКБ боби алоҳида ҷудо шудааст. Дар онҷо вижагиҳои фарҳангӣ ва таърихии ин мардум зикр шудааст. 

Таъриф ва тавсифи хусусияти мақом ва вижагии ин минтақа дар Қонуни Консититутсионии Тоҷикистон дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда шудааст: “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад.” Маҳз асли ҷудоинопазирӣ, эътироф ва ҳифзи ягонагии фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ аст, ки заминаи худмухториро  ба миён овардааст. Дақиқан аз ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо риоя шудани ин усул талаб карда мешавад; на бешу на кам. 

Асоси ҳуқуқии додани худмухторӣ ба аққалиятҳо як механизми байналмилалӣ аст, ки ба воситаи он давлат уҳдадор мешавад барои аққалиятҳо ҳаққи худмуайянкунӣ бидиҳад. Худмухторӣ ба аққалиятҳо иҷоза медиҳад, ки ҳуқуқи худро амалӣ кунанд ва дар айни замон ваҳдат, ҳокимият ва тамомияти арзии давлатро замонат медиҳад. Мақоми худмухторӣ ба ин маънӣ аст, ки ниҳодҳои худмухтор дорои ихтиёроти хосе ҳастанд, аммо бахше ҷудонопазири аз давлат боқӣ мемонанд. Фароҳам овардани асоси ҳуқуқӣ яке аз аслҳои асосӣ барои ҳифзи худмухторӣ аст. Боби 7-уми  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВМКБ асос ва мабнои ҳуқуқӣ аст.  Ғайр аз ин моддаи 4-уми қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба забонҳои помирӣ ва яғнобӣ мақоми забон медиҳад на лаҳҷа ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки барои ҳимоя ва инкишофи ин забонҳо шароит фароҳам орад.

Ҳоло мегузарем ба масъалаи ҳуқуқи байналмилалӣ. Эъломияи умумии СММ дар бораи ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, меъёрҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи аққалиятҳоро низ дар бар мегирад. Ду созишномаи СММ дорои мазмуни хос дар бораи аққалиятҳо ҳастанд: моддаи 27 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 30-и конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак. Бо дарназардошти тасвиб ва корбурди васеи ин ду модда ҳар як давлат барои ҳифзи ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ уҳдадории ҳуқуқӣ дорад. Аммо, мо дар ин масъала зиёд тамаркуз намекунем, чун дар тавсияҳои шартномаҳои ниҳодҳои СММ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷузъиёт навишта шудааст. 

Мавҷудияти аққалиятҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ як воқеъияти раднопазир аст ва омилҳои обективӣ (ба монанди доштани мансубияти умумӣ, забон ва ё мазҳаб) ва субективӣ (мардум худро ҳамин гуна медонанд) дорад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ пазируфта шудааст, ки эътироф кардани аққалиятҳо танҳо дар инҳисори давлат нест балки бар асоси меъёрҳои обективӣ ва субективӣ муайян мешавад.  

Дар маҷмӯъ, тамоми усули худмухторӣ ва вижагии мардуми ВМКБ дар қонунгузории миллӣ дарҷ шудааст ва омилҳои обективии ғайри қобили инкор доранд.

Шарти дуввум омили субективӣ, яъне ҳуқуқи худмуайянкунӣ аст ва мардуми Помир, мутаассифона, дар дарозои таърих ва то имрӯз расман аз ин ҳақ бархурдор нашудаанд. Ҳатто имрӯз қишри ба ном “зиёиёни” Помир пешниҳод мекунанд, ки барои ҳар касе, ки худро помирӣ муаррифӣ мекунад, ҷазои ҷиноятӣ таъйин карда шавад. Бо ин пешниҳод меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳоро нақз мекунанд. 

Дар контексти таърихӣ ин ҳақ соли 1926 амалӣ шуд. Он замон зимни бақайдгирии аҳолӣ дар кишвар 190 гуруҳи аққалият номнавис шуданд, аз ҷумла помириҳо ба рӯихати халқиятҳои Шӯравӣ ворид шуданд. Қабл аз бақайдгирии умумишӯравии соли 1939 помириҳо ҳанӯз ҳамчун гуруҳи мустақил дар ҳайати мардуми тоҷик буданд. Ин бақайдгирӣ хусусияти дугона дошт: мардумони Помир саранҷом ҳамчун “тоҷик” сабт шуданд, аммо расман ҳамчун қавми алоҳида шинохта мешуданд. Аз даҳҳаи соли 1950 сиёсати ассимилятсияи мардумони Помир ба хусус ассимилятсияи забонӣ  ва нобудсозии забонҳои помирӣ  шурӯъ шуд. Нобуд кардани ҳамаи китобҳо ба забони шуғнӣ дар китобхонаи Фирдавсӣ дар соли 1972 намунаи равшани ин сиёсат аст.

Баҳс дар бораи ҳувияти помириҳо солҳои 1988–1989 бо нашри матлаби С.В. Чешко “Время стирать “белые пятна“” дар маҷалаи “Советская этнография” шурӯъ шуд. Чешко барои бознигарии сиёсати миллӣ пешниҳодҳо ва вазъият дар ВМКБ–ро ба унвони мисол зикр мекунад.  Тибқи навиштаи С.В. Чешко мардумони Помир бо гуноҳи роҳбарони Тоҷикистон аз соли 1959 аз рӯихати мардумони СССР нопадид шуданд ва махсусиятиҳои этникӣ ва забонии онҳо нодида гирифта шуд. 

Муаллиф онҳоеро ба боди танқид мегирифт, ки забонҳои помириро ҳамчун лаҳҷаи забони форсӣ медонистанд. Дар таҷрибаи имрӯзӣ ҳаққи худмуайянкунӣ аз сӯи помириҳои муқими Русия ҳанӯз аз бақайдгирии аҳолии соли 2010 амалӣ мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худро ҳамчун помирӣ муаррифӣ кардан дар замони бақайдгирии аҳолӣ одамон ба сабабҳои маълум метавонанд мавриди таъқиб қарор ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шаванд. Аммо, ин муҷозот сабаб намешавад, ки помириҳо дар зиндагии ҳаррӯза худро чуноне, ки мехоҳанд, муаррифӣ кунанд. 

Ҳуввияти мардумони помир воқеиятест, ки дар қонунгузории Тоҷикистон зикр шудааст ва таҳти ҳимояти конвесияҳо ва ниҳодҳои байналмилалист. Нодида гирифтани ин воқеият аз беху бун амали бемаънист ва боиси даргирӣ ва бесуботӣ мешавад. Дар айни ҳол таъкид бар ин, ки помириҳо миллати алоҳидаанд, низ иштибоҳомез аст. Помириҳо як гуруҳи қавмии мустақил ва мардумони бумии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, аққалияти этникӣ-мазҳабӣ дар ҳайати миллати тоҷиканд, ки бояд расман ҳамин гуна эътироф шаванд. 

Табдил додани ин масъала ба мавзӯи сиёсӣ, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон дар ин даст дорад, як иштибоҳи стратегӣ аст. Он субот ва ваҳдати миллиро халалдор мекунад. Помириҳо 3 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд ба мавҷудияти он таҳдид эҷод кунанд. Ғайр аз ин, дар тӯли таърихи мавҷудияти Тоҷикистон намояндагони халқиятҳои Помир дар рушди кишвар саҳми назаррас доштанд. Мафҳуми миллияти тоҷикистонӣ болотарин сатҳи худогоҳии помириҳост ва он ҳеч вақт тағйир намеёбад. 

Аммо, ин ба он маъно низ нест, ки помириҳо аз  худогоҳии этникӣ даст бикашанд. Масъалаи эътироф кардани вуҷуди помириҳо дар Тоҷикисон ҳоло ва ё дар оянда яке аз омилҳои субот ва пешрафти Тоҷикистон хоҳад буд. Ба расмият шинохтан ва ҳифзи гуногунии забонӣ, мазҳабӣ, этникӣ ва фарҳангӣ бояд ҳамчун дастоварди кишвари мо дониста шавад, на ҳамчун омили заъф ва бесуботӣ. 

Маҳз эътирофи гуногунӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои ҳама асоси тақвияти ҳувияти муштараки миллии тоҷику тоҷикистонӣ  мебошад.